Додгоҳ: Абдураҳмонов қасд дошт, Сурия биравад ва ба ДИИШ бипайвандад
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини пойтахтро 12 солу 6 моҳ равонаи зиндон кардааст. Дилшод Абдураҳмонов, ки дар таблиғи гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ва қасди пайвастан ба ин гуруҳ муҷрим шинохта шудааст, ин муҳлатро дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт пушти сар хоҳад кард.
Бино ба иттилои додгоҳ, Дилшод Абдураҳмонов соли 2016 бо қасди муҳоҷират ба шаҳри Маскави Русия рафта, онҷо тавассути шабакаҳои иҷтимоии “Телеграмм” ва “Одноклассники” “ҳаргуна наворҳоро оиди муҳорибаҳои ҷангӣ дар ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” тамошо кардааст”. Манбаъ мегӯяд, баъдан ӯ бо як узви фаъоли ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ бо номи “Абу Саллоҳ”, ки шахсияташ ба тафтишот маълум нест, шиносоӣ пайдо намуда, тахаллуси “Дилшод”-ро барои худ интихоб кардааст. Дар суҳбатҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ “Абу Саллоҳ” ӯро барои ҷиҳод ва пайвастан ба ДИИШ даъват кардааст: “Ӯ ин даъватҳоро қабул намуда, бо мақсади ба Сурия рафта, дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок намудан 16 июли соли 2017 чиптаи хатсайри “Масав-Истамбул” харидорӣ намудааст. Дар фурудгоҳи Жуковскийи шаҳри Маскав аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуда, ба Тоҷикистон баргардонида шудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |