Эмомалӣ Раҳмон тирандозии Лас-Вегасро амали золимона хонд
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба тирандозии пурқурбонии Лас-Вегас унвони ҳамтои амрикоияш номаи таслият фиристодааст.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар ин нома аз ҷумла гуфта шудааст, ки “хабари мудҳиши ҳалокат ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандонро бар асари амали золимона дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо андӯҳи бузург дарёфтам. Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор менамоям ва хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам”.
Шоми якуми октябр дар пайи як тирандозӣ дар наздикии меҳмонхонаи "Мандалай-Бэй"-и Лас Вегас 58 нафар кушта, беш аз 500 тани дигар маҷруҳ шуд. Аз марди ҳамлавар Стивен Паддок ном бурда шуд, ки 64 сол доштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |