Тоҷикистон 10 октябр мизбони 2 бозии байналмилалӣ мешавад
Тоҷикистон рӯзи 10 октябри соли ҷорӣ мизбони ду бозии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 хоҳад гашт.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии даври чоруми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни дастаҳои Афғонистон ва Урдун дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 15:00 оғоз меёбад.
Манбаъ мегӯяд, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии даври чоруми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Непал доир мегардад. ФФТ афзуд, нархи чипта 10 сомонӣ мебошад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов барои рақобат бо Непал 23 бозигар – се дарвозабон, даҳ ҳимоятгар, ҳашт нимҳимоятгар ва ду ҳамлагарро даъват кардааст. Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври севуми мусобиқаи интихобии Ҷоми Тоҷикистон-2019 тими миллии Непалро 5-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Катманду бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда буд. Рақобатҳои гурӯҳии интихобии мусобиқоти Ҷоми Осиё-2019 то 27-уми марти соли 2018 идома меёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |