Домод дар оташ задани хонаи падарарӯс муттаҳам мешавад
Маъмурини милиса сокини 36-солаи шаҳри Душанберо боздошт кардаанд, ки дар оташ задани хонаи падарарӯсаш муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ВКД ба идораи милиса дар Ваҳдат ҷабрдида- марди 56-сола, сокини деҳаи Адолати ҳамин шаҳр муроҷиат намуда, арз доштааст, ки “30-юми сентябри соли 2017, домодаш, марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе ба манзили истиқоматиаш омада, ба воситаи сӯзишвории “бензин” хонаи истиқоматиашро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”.
Манбаъ ҳаҷми зарари расонидашударо 2 ҳазору 400-сомонӣ арзёбӣ кард. ВКД афзуд, ки нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |