Эрон мегӯяд, донишмандони ин кишвар “нахустин модаи сӯхти ҳастаиро, ки дар дохили Эрон аз уран тавлид шудааст, мавриди озмоиш қарор додаанд”.
Сафҳаи интернетии Созмони Энержии Атомии Эрон навиштааст, ки намунаи ба дастомада барои озмоиш ба реактори ҳастаӣ рехта шудааст, то бубинанд бо ин сӯхт реактор чӣ тарз фаъолият хоҳад кард. Эрон моҳи гузашта гуфта буд, ба нақша гирифтааст, ки урани тавлиди дохилии худро дар Теҳрон ба реактори озмоишӣ бирезад ва онро бисанҷад. Ин реактор изотопҳое тавлид мекунад, ки дар тиб истифода мешавад. Реактори Теҳрон бо урани 20 дарсад ғанишуда фаъолият мекунад.
Мӯҳр