Шарҳи ВКД дар бораи қатли Нигора дар пеши бозори Истаравшан
Маҷид Бердиев, сокини 56-солаи шаҳри Истаравшан имрӯз, 2-юми октябр дар пеши бозори “Гули Сурх” собиқ ҳамсарашро, ки аз вай 16 сол ҷавонтар будааст, ба қатл расондааст.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ дар суҳбат бо “Озодагон” ин ҳодисаро тасдиқ карда, афзуд, ки Бердиев бо истифода аз корд Нигора Кулиеваи 40-соларо дар назди бозор ба қатл расондааст: “Зан дар ҷои ҳодиса ҷон додааст. Бердиев боздошт шудааст ва феълан тафтиши ин ҳодиса идома дорад”.
Тибқи иттилои бархе аз манобеи “Озодагон” Бердиев дар заминаи рашк даст ба қатли собиқ ҳамсараш задааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |