Баррасии амнияти парвозҳо ва интиқоди Зуҳуров аз “Тоҷик Эйр”-у “Сомон Эйр”

Маҷлиси намояндагони Тоҷиикистон ба “Тоҷикаэронавигатсия” иҷозат дод, ки барои таъмини амнияти парвозҳо дастгоҳҳои муосири радиоэлектрониро бидуни пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ вориди кишвар кунад.
Тағйири иловаҳои дахлдор имрӯз, 2-юми октябр ба қонун “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017” қабул гардиданд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷиикистон дар ҳошияи баррасии масъалаи мазкур хостори беҳбуди кори ширкатҳои ҳавопаймоии “Тоҷик эйр” ва “Сомон эйр” гардид. Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, сатҳи кори “Тоҷик эйр” ва “Сомон эйр” ба талабот ҷавобгӯй нест: “Моҳҳои охир хизматрасонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба ҷои беҳтар шудан боз бадтар шуд. Камбуди сӯзишворӣ боиси таъхир дар парвозҳо гардидааст”.
Дар мавриди вуруди дастгоҳҳои муосири радиоэлектронӣ Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки он ба хотири беҳтар гардидани амнияти парвозҳо қабул шуд. Ӯ дар хитоб ба намояндаи “Тоҷикаэронавигатсия”, гуфт, корро тавре роҳандозӣ кунанд, ки амнияти парвоз 100% кафолат дода шавад: “Ҷалби мутахассисони касбӣ дар ин самт ба назар гирифта шавад. Соҳа ислоҳотталаб аст ва мо бояд рақобатпазир бошем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |