Истеъмолу фурӯши машрубот дар назди мактабҳо мамнуъ шуд
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 2-юми октябр бо қабули тағйиру иловаҳо ба қонунгузории кишвар фурӯш ва истеъмоли машруботро дар назди муассисаҳои таълимӣ мамнуъ кард.
Тағйироти мазкур ба қонун “Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот”-ро дар парлумон Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон муааррифӣ кард.
Рустами Шоҳмурод изҳор дошт, ки бар асоси меъёри пешниҳодшуда истеъмолу муомилоти машрубот дар назди макотиб ва муассисаҳои олии таълимӣ мамнуъ мебошад. Ӯ афзуд, татбиқи ин тағйирот аз буҷаи давлат хароҷоти иловагиро талаб намекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |