Мусодираи 3 тонна ҷави истеҳсоли Қирғизистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ошкор шудани интиқоли 3 тонна ҷав аз қаламрави Қирғизистон хабар медиҳад.
Ба иттилои ин ниҳод, ин миқдор ҷав аз дохили мошини тамғаи Пикап дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон ошкор шуд: “Ҳангоми пурсиш маълум гардид, ки ин миқдор мол ба шаҳрванд Н.М., соли таваллудаш 1977, истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ тааллуқ дошта, онро аз деҳаи наздисарҳадии деҳаи Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз як шахси ношиноси шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст, харидорӣ карда, мехост бо мақсади тиҷорат ба ноҳияи Мастчоҳ интиқол диҳад”.
Манбаъ мегӯяд, аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба Н.М. мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |