Пешгӯӣ: Сардии ҳаво дар баъзе навоҳӣ ба сифр баробар мешавад
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз тағйири якбораи ҳаво хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, 29 ва 30 сентябр дар саросари ҷумҳурӣ тағйирёбии босуръати обуҳаво дар назар буда, имрӯз дар минтақаи марказӣ ва ҷанубии кишвар бо пурзӯр шудани суръати вазиши шамол, фаромадани чангу ғубор пешбинӣ шудааст.
Манбаъ мегӯяд, давоми ин рӯзҳо дар ноҳияҳои тобеи марказ борону раъду барқ мешавад: “Дар вилояти Суғд - дар водиҳо борону дар доманкӯҳҳо барфу борон ва раъду барқ пешбинӣ гардида, поинравии ҳарорат рӯзона 10-15 дараҷа ва дар доманкӯҳҳо то 3 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад”.
Обуҳавошиносон мегӯянд, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон бо пурзӯр шудани суръати вазиши шамол аз самти шимолу ғарбӣ то 15-20 метр дар як сония дар назар буда, дар қаламрави ВМКБ боронҳои кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Ба маълумоти обуҳавошиносон, сардии ҳаво дар баъзе навоҳӣ имкон дорад ба сифр баробар шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |