Душанбе аз Рӯзи Мавлоно ҷашн мегирад
Фардо, 30 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мегардад.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, соати 14:00 дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи адабию фарҳангӣ баргузор хоҳад шуд. Ба иттилои манбаъ, дар барномаи мазкур масъулини вазоратҳои фарҳангу маориф, Академияи илмҳо, Кумитаи забон ва истилоҳот, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ширкат мекунанд. “Дар ин чорабинӣ қироати шеър ва иҷрои суруду оҳанг аз ҷониби шоирону ҳунарпешагони маъруфи Тоҷикистон дар назар аст”,-афзуд манбаъ.
Ҷалолиддини Балхӣ аз сермаҳсултарин адибони тоҷик буда, 30 сентябри соли 1207 дар Балх ба дунё омадаву дар шаҳри Қунияи Рум зиндагӣ ва эҷод кардааст. “Девони Шамс”, “Маҷолиси саъба”, “Мактубот”, “Фиҳӣ мо фиҳӣ”, “Маснавии Маънавӣ” аз ҷумлаи асарҳои офаридаи ӯ мебошанд.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ соли 1273 дар Рум вафот карда, оромгоҳаш дар шаҳри Қунияи Туркия мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |