Осебшинос барои ҷарроҳӣ 2 ҳазор сомонӣ пора хост
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти табиби беморхонаи клиникии вилояти Хатлон хабар дод, ки дар талаби пора муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои Оҷонсӣ дар натиҷаи чораҳои оперативӣ-тафтишотӣ осебшинос Рустам Мирзоев, ҳангоми гирифтани 2000 сомонӣ пора дастгир гардид: “Муайян шудааст, ки Мирзоев аз шаҳрванд “А” барои ҷарроҳӣ 2 ҳазор сомонт талаб намудааст ва ҳангоми гирифтани пора боздошт гардид”.
Манбаъ афзуд, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Рустам Мирзоев бо моддаи 324 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |