Боздошти зиндонбон барои ваъдаи раҳоии “таҳқиркунанда”-и ҳокимият
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти як зиндонбон хабар дод, ки ба ивази пора ваъда додааст, нафари муттаҳам дар таҳқири намояндаи ҳокимиятро аз ҳабс раҳо хоҳад кард.
Тибқи иттилои Оҷонсии зидди фасод Ҳамдам Одинаев, нозири калони Шӯъбаи корҳои ислоҳии вилояти Хатлони Раёсати нозироти корҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия барои қаллобӣ ва гирифтани 11 ҳазор сомонӣ пора феълан дар боздошт мебошад: “Одинаев ба шаҳрванд «А», ки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 328 қисми 1 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) ва 330 қисми 1 (таҳқири намояндаи ҳокимият)-и Кодекси ҷиноятӣ дар баррасии судӣ қарор дошт, ваъда додааст, ки тавассути суд ба ивази 11 ҳазор сомонӣ пора ҷазои ғайриҳабсӣ дар намуди ҷарима татбиқ мешавад”.
Манбаъ афзуд, ки Одинаев аз маблағи талабнамудааш 1000 сомониашро гирифта, боз 10 ҳазор сомонии дигарро талаб кардааст: “Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Одинаев Ҳамдам ҳангоми аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 10 ҳазор сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”.
Нисбати Одинаев бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |