Додрас зарари маънавии падари сарбози кушташударо 2 000 сомонӣ хонд (ВИДЕО)
Наҷмуддин Лоиқзода, додраси Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе имрӯз, 28-уми сентябр, ҳаҷми зарари маънавии наздикони сарбози марҳум Мақсуд Носировро 2 ҳазор сомонӣ муайян кардааст. Дилшод Ҷӯраев, адвокати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ки аз ҳаққи наздикони сарбози марҳум ҳимоят мекард, изҳор дошт, ки бо қарори суд розӣ набуда, баъди гирифтани ҳалномаи суд ба Коллегияи суди ҳарбии Суди Олӣ шикоят мебарад. Нафиса Юнусова, равоншиноси тоҷик, ки ҳаҷми зарари маънавӣ тибқи хулосаи ӯ муайян гардидааст, гуфт, “умуман, суд зарари маънавиро қабул ва муайян мекунад ё не, ман аз рўи таҷрибаи кориам баҳо мегузорам. Аз рӯи таҷриба баҳои зарари маънавӣ бар зиммаи равоншинос гузошта мешавад. Ман махсус рӯзи 27-уми сентябр дар мурофиа зикр кардам, ки ҳодиса соли 2014 буд ва ташхиси судии ман баъди 2 сол гузаронида шуд, лекин баъд аз ду сол зарбаи равоние, ки одам гирифт, ҳамон зарба бо ҳамон қувваташ боқӣ мондааст. Барои инсон албатта ин бисёр бад аст, ки дар муддати ду сол ҳолати руҳияш барқарор нашуд". Наздикони сарбози марҳум Мақсуд Носиров аз додгоҳ талаб карда буданд, ки 429 ҳазору 400 сомонӣ зарари маънавӣ аз Сарраёсати қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ рӯёнда шавад. Дилшод Ҷўраев қаблан изҳор дошта буд, ки “мо интизор дорем талаботи даъвогиямон бо назардошти он зарари маънавӣ, ки ба даъвогар расонида шудааст, ба таври пурра аз ҷониби суд қонеъ карда мешавад. Ман чунин мешуморам, ки талаботи мо ба принсипи оқилонаву одилона ҷавобгӯ мебошад”. Мурот Носиров, падари Мақсуд Носиров ҳам гуфта буд, ки “зарари моддию маънавиро ман талаб дорам, чизи дигаре не, ҳақиқат будагист. Ба суд бовар мекунам. Адолат будагист”. Ёдрас мекунем, ки санаи 27-уми январи соли 2014 чанде аз хизматчиёни ҳарбии дидбонгоҳи марзии қисми низомии 2587, воқеъ дар ноҳияи Спитамен бо мақсади “тарбия намудан” сарбозони ҷавонро саф кашонда, ба гулӯву дигар аъзои бадани ҳар кадоми онҳо зарба заданд. Пас аз ин зарбаҳо сарбоз Мақсуд Носиров беҳуш шуда, ӯро ба шуъбаи хуфтухези сарбозон мебаранд, ки дар он ҷо ӯ ба ҳуш наомада, ба ҳалокат мерасад. Бар асоси ташхиси судиву тиббӣ, Мақсуд Носиров ба иллати ҷароҳатҳои вазнин бардоштан дар ҷисмаш (хунравии дохилӣ, хунравии рӯдаи борик ва ғайра) ба ҳалокат расидааст. Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд аз 8-уми майи соли 2014 М. Юнусов ва Н. Шарифзода дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 373, қ. 2, б. «б, в, д» (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) ва Ш. Нуров ва Б. Шераев мутобиқи моддаи 373, қ. 2, б. «б, в» гунаҳкор дониста шуда, ин сарбозони собиқадор ба муҳлати аз 5 то 7,5 соли зиндон маҳкум шуданд. VIDEO
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30