Раҳимзода сардори “Интерпол”-ро ба Душанбе даъват кард (АКС)
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар мулоқот бо Юрген Сток, котиби генералии полиси байналмилалии «Интерпол» боздошти муттаҳамони таҳти пайгарди байналмилалиро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД мулоқот имрӯз, 28-уми сентябр дар ҳошияи 86-умин Ассамблеяи Генералии Интерпол, ки дар шаҳри Пекин идома дорад, баргузор гардид: “Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ густариши ҳамкориҳо дар доираи ташкилоти байналмилалии «Интерпол», мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷустуҷӯи шахсони дар кофтуков буда ва дастгир намудани ҷинояткорони дар кофтукови байналмилалӣ қарордоштаро мавриди муҳокима қарор доданд”.
Манбаъ афзуд, Юрген Сток зимни суҳбат изҳор дошт, ки Бюрои Миллии Марказии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилӣ яке аз фаъолтарин Бюро ба шумор рафта, дар мубориза бо ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ саҳми назаррас мегузорад. Ба иттилои ВКД Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманд ба котиби генералии «Интерпол» изҳори миннатдорӣ намуда, ӯро ба Тоҷикистон даъват намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |