Ваъдаи вазири Чин барои ҳифзи сарҳади Тоҷикистон (АКС)
Го Шенкун, вазири бехатарии ҷамъиятии Чин ваъда додааст, ки барои ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон кӯмак кунад.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин нуктаро Шенккун 27-уми сентябр дар мулоқот бо вазири тоҷик Рамазон Раҳимзода баё доштааст: “Го Шенкун ҷиҳати кӯмак расонидан дар тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи киберҷиноятҳо ва ҷиноятҳои фаромиллӣ ибрози омодагӣ намуд. Ҳамзамон ҷониби Чин изҳор дошт, ки дар пурзӯр намудани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон кӯмаки амалии худро мерасонад”.
Ҷонибҳо инчунин мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои трансмиллӣ, ҳамчунин масъалаҳои дастгир намудани ҷинояткорони дар кофтуковбударо мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |