Сешанбе, 1 Апрел 2025
Як голи беҷавоби “Истиқлол” ба дарвозаи “Бенгалуру”
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии аввали марҳилаи ниҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 тими “Бенгалуру”-и Ҳиндустонро мағлуб кард.
Ин бозӣ шоми 27 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расид. Голи ягонаро дар дақиқаи 27-ум легионери русиягии “Истиқлол” Дмитрий Барков вориди дарвозаи “Бенгалуру” сохт.
Бозии ҷавобии “Истиқлол” ва“Бенгалуру” 18 октябр дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи натиҷаи ду бозӣ муайян хоҳад шуд.
Бозии финалии Ҷоми AFC-2017 рӯзи 4 ноябр миёни ғолиби ҷуфти “Истиқлол”- “Бенгалуру” бо “Эйр Форс”-и Ироқ доир мегардад. Макони баргузории даври финалии ин мусобиқа баъди бозии ҷавобии “Истиқлол” ва “Бенгалуру” муайян хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |