Як духтари 15-солаи афғон, ки ба хотири даст назадан ба фоҳишагарӣ аз ҷониби хонаводаи шавҳараш мавриди латукӯб қарор гирифта, шаш моҳ инҷониб дар ташноб нигоҳ дошта мешуд, раҳо гардид.
Ин духтар дар ҳоле озод карда шуд, ки хонаводаи ў ба идораи полис хабар доданд. Чуноне ки райиси полиси шаҳри Пулӣ-Хумрии Афғонистон мегўяд, ин духтар Сарагул ном дошта, нўҳ моҳ пеш бо марди 30-сола, бо исми Муҳаммад Азим, ки феълан, зери пайгарди полис қарор дорад, ақди никоҳ бастааст. Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни тадқиқоти ин қазия, алайҳи се зани дигар, аз ҷумла модаршавҳари ў парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.
Мӯҳр