Азми Раҳимзода барои истирдоди ҷинояткорон аз Туркия (АКС)
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ва Мехмет Эрсой, муовини вазири корҳои дохилии Туркия густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД мулоқот имрӯз, 27-уми сентябр дар ҳошияи 86-умин Ассамблеяи Генералии Интерпол, ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад, баргузор гардид: “Дар ҷараёни вохӯрӣ тарафайн оид ба ҳамкориҳои судманди ду мақомот ҷиҳати кофтукови шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, дастгир ва истирдоди ҷинояткорони дар кофтукови байналмилалии «Интерпол» буда ва тақвият додани мубодилаи иттилооти оперативӣ табодули афкор намуданд”.
Ба иттилои ВКД ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккил ҳамкориҳои ду мақомот дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |