Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи дини Тоҷикистон: Муовини аввали раис иваз шуд
Эмомалӣ Раҳмон бо як қарор Ҷуъмахон Ғиёсовро аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кардааст.
Бино ба иттилои торнамои Президент, бо қарори дигар раиси Ҳукумати Тоҷикистон Амирбек Бегназаровро муовини якуми раиси Кумитаи дин таъин кардааст. Бегназаров қаблан дар вазифаҳои раҳбари гуруҳи фаврии КДАМ дар минтақаи Кӯлоб, сардори Раёсати КДАМ дар Бадахшон ва сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми КДАМ кор кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |