Пешниҳод: 2018 соли Садриддин Айнӣ эълон шавад!

Як журналист ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод карда, ки 2018 соли Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муоссири тоҷик эълон шавад. Ин пешниҳод дар пайи сару садоҳо перомуни кӯч додани қабри ӯ ироа шудааст.
Журналисти тоҷик Холиқназар Ҷумъаев дар саҳфаи фейсбукаш бо таъкиди ин нукта, ки соли 2018 аз мавлуди Садриддин Айнӣ 140 сол сипарӣ мешавад, пешниҳод карда, “хуб мешуд агар бахшида ба ин санаи муқаддас соли 2018-ро “Соли Айнӣ” эълон карда, ба ҷойи кӯчонидани қабри ӯ, мақбара ва ё зиёратгоҳе дар боғи ба номи Айнӣ бунёд шавад”.
Ба андешаи ӯ, ин туҳфаи хубе барои Айнӣ ва хизматҳои ӯ дар назди насли имрӯзу фардои тоҷик хоҳад шуд.
Ахиран, сару садоҳое баланд шуд, ки шаҳрдории Душанбе қасд дорад қабри Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти шӯравии тоҷикро аз боғи ба номи Айнӣ ба гӯристони Лучоб кӯч бидиҳад. Ин сару садоҳо вокунишҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар пай дошт ва аксаран аз ин тасмим интиқод карданд. Аммо Абдумаҷид Усмонов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе 25 сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, феълан тасмими ниҳоӣ дар мавриди кӯчондани оромгоҳи Садриддин Айнӣ қабул нашудааст. Ӯ ваъда дод, иттилои дақиқ дар ин бора ба зудӣ пешниҳоди омма мешавад.
Дар боғи Айнӣ, ки феълан мавриди таъмиру бозсозӣ қарор дорад, дар баробари устод Садриддин Айнӣ (санаи марг 15 июли соли 1954) инчунин раҳбарони вақти Тоҷикистони шӯравӣ Бобоҷон Ғафуров (санаи марг 12 июни соли 1977), Ҷаббор Расулов (4 апрели 1982) ва шоири маъруф Боқӣ Раҳимзода (30 январи соли 1980) ба хок супорида шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |