Сафари директори техникии “Тоҷик Эйр” ба Хоруғ баъди нишасти садамавии “АН 28”
Ҳавопаймои “Ан 28”-и ширкати Тоҷик Эйр, имрӯз, 25-уми сентябр баъди чанд дақиқаи парвоз аз фурудгоҳи Хоруғ дар худи ин шаҳр нишасти садамавӣ анҷом додааст.
Азизмаҳмад Қурбонов, директори техникии “Тоҷик Эйр”, ки дар садри як ҳайат тариқи чархбол ба ҷои ҳодиса парвоз кардааст, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, мушкили техникии ҳавопайморо таҳқиқ хоҳанд кард. Ӯ афзуд, ки ҳавопаймо дар ҳолати хуб қарор дорад ва мушкили техникӣ дар байни 1-2 соат бартараф хоҳад шуд: “Мо тариқи чархбол ба Хоруғ омадем. Ба ин чархбол 17 мусофир ба Душанбе парвоз ҳоад кард. Барои мунтазир нашудани мусофирон онҳоро тариқи чархбол равон мекунем ва баъди 1-2 соат мо ҳам тариқи ҳавопаймои Ан 28 ба Душанбе хоҳем омад”.
Ин дар ҳолест, ки шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ҳавопаймои ҳомили беш аз 20 мусофир баъди чанд лаҳзаи парвоз ба мушкили техникӣ дучор шуда, якпаҳлу дубора дар фурудгоҳи Хоруғ фуруд омад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |