Эълони ҳукми 6 масъули “7 бурҷ”: "Раиси калон" байнашон нест
Додгоҳи Синои Душанбе 6 масъули ширкати “Ҳафт бурҷ”-Маруфов Осимҷон Салимович, Маруфов Олим Осимҷонович, Расулов Ориф Ҳасанович, Садуллоев Саидҷон Хуҷаевич, Саидов Раҳимбег Каримович ва Хушмаҳмадов Шарифбег Маҳмадуллоевич дар қаллобӣ гунаҳкор дониста, аз 8 то 11 сол равонаи зиндон кард.
Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон Маруфов , Расулов, Садуллоев, Саидов ва Хушмаҳмадов 10 январи соли 2011 ҶДММ “7 Бурҷ”-и шаҳри Душанберо таъсис дода, Маҳмудов Саидҳомидро ба вазифаи директори генералӣ ва Маруфов Олимҷонро ба вазифаи директори иҷроия таъин намудаанд: “Дар асоси маслиҳати пешакӣ бо мақсади бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ тасарруф намудани молу мулки ғайр, фаъолияти корхонаро дар шакли пирамидаи молиявӣ ба роҳ монда, ба таври сохта якчанд хизматрасониҳо, аз қабили маркетинги шабакавӣ, хизматрасонии маркетингӣ, омӯзиши забонҳои англисӣ, дарсҳои комиютерӣ, ронандагӣ ва фуруши сабадҳои электрониро ба шаҳрвандон пешниҳод намуда, аз аввали соли 2011 то 24 июли соли 2013 дар 263 лаҳза маблағи 1 миллиону 90 ҳазор доллари ИМА ва 9378,9 сомонии ба ҷамъияти номбурда супоридаи шаҳрвандонро тасарруф намуда, ба онҳо ба миқдори махсусан калон зарар расонидаанд”.
Манбаъ афзуд, ки бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 31 августа соли 2017 Маруфов О.С.-8 сол, Маруфов О.О., Расулов О.Ҳ,- 10-солӣ, Садуллоев С.Х., Саидов Р.К. ва Хушмаҳмадов Ш.М. - 11 солӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд: “Инчунин тайи 4 сол аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ ва дар ташкилотҳои тиҷоратӣ вобастабуда маҳрум гардиданд”.
Ин дар ҳолест, ки додситонии кул дар мавриди Маҳмудов Саидҳомид, собиқ директори генералии “Ҳафт бурҷ”, ки аз хешҳои Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси вақти Душанбе арзёбӣ мешуд, иттилое надодааст. Қаблан гуруҳе аз ҷабрдидаҳо муҷозоти Саидҳомид Маҳмудовро талаб доштанд, ки ба гуфтаи онҳо “раиси калон”-и ширкати “Ҳафт бурҷ” мебошад.
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ахиран Саидҳомид Маҳмудовро, ки қаблан ҳамчун раиси “Q-Net”-у "7 бурҷ" вирди забон шуда буд, аз мақоми раиси Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе-“МПТИ” барканор кард.
Сайҳомид Маҳмудов, ки қаблан роҳбарии ширкатҳои баҳсбарангези Q-Net (Кю Нет)-у "7 бурҷ" дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт, моҳи июли соли 2014 зимни як ҳамоиш дар суҳбат бо “Озодагон” тасдиқ кард, хеши Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |