Додситонии кул: Мақсудшоев бемории дил дошт

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, Дилдорбек Мақсудшоев, директори фурудгоҳи Хоруғ дар пайи бемории қалб даргузаштааст.
Ин ниҳод имрӯз, 25-уми сентябр бо пахши як иттилоияи расмӣ изҳор доштааст, ки 13-уми сентябри соли 2017, соати 10:30-дақиқа, Мақсудшоев дар сафари хизматӣ дар мавзеъи Яхчи-Сор, ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвози ВМКБ бо сабаби гирифтори бемории қалб буданаш ба сактаи дил гирифтор шуд: “Ҳангоми ба беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз интиқол доданаш номбурда дар роҳ вафот мекунад”.
Манбаъ афзуд, тибқи хулосаи пешакии мутахассиони соҳаи тиб сабаби марги Мақсудшоев, ин сакта ва дар натиҷа аз кор мондани дилаш мебошад: “Айни замон аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Дарвоз санҷиши ҳодисаи мазкур давом дорад”.
Қаблан аз қавли манобеъ дар ҳукумати ноҳия Дарвоз хабар нашр шуд, ки сардори фурудгоҳ рӯи қолине қарор дошт, ки ба пешвози Президент густурда буданд: “Ҳангоми парвози чархбол бод қолинро ба сари сардори фурудгоҳ зад ва ӯ бо қолин афтод. Сараш ба санг бархӯрд ва сахт маҷруҳ шуд".
Гуфтанист, Эмомалӣ Раҳмон чоршанбеи 13 сентябр дар деҳаи Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз қарор дошт ва манзилҳоеро, ки барои сокинони осбедида аз сел бунёд шуда буданд, ифтитоҳ кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |