Боздошти Авазхон Зоғакович барои порагирию қаллобӣ
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти сардори комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ хабар дод, ки дар гирифтани пора барои омода кардани билети ҳарбии тақаллубӣ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои Оҷонсӣ, Шайхов Авазхон Зоғакович дар вазифаи сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ фаъолият намуда, барои тайёр намудани билети ҳарбии ғайриқобили хизмати ҳарбӣ аз Орифов С. 400 доллари амрикоӣ ва 250 сомонӣ талаб карда, гирифтааст: “Авазхон Шайхов ба Орифов С билети ҳарбии қалбакӣ тайёр карда додааст”.
Манбаъ мегӯяд, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи Шайхов Авазхон Зоғакович бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» ва 323-и Кодекси ҷиноятӣ анҷом ёфта, феълан барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |