14:0: Тими мунтахаби Тоҷикистон ҳарифашро голборон кард (АКС)
Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар дувумин бозиаш дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола тими Малдивро бо ҳисоби 14:0 шикаст дод.
Бозии миёни наврасони Тоҷикистон ва Малдив шоми гузашта дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон 14 голи беҷавоби ҷониби Тоҷикистонро Шоҳрух Сангов, Шарифбек Раҳматов, Ислом Зоиров (2), Эмомалӣ Аҳмадхон (3), Аҳмад Нахил Иброҳим, Рустам Соиров, (4). Азизбек Ҳасанов, Шарифбек Раҳматов як голӣ ба дарвозаи ҳариф заданд.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов бозии нахустинаш тими Сурияро шикаст дода буд. Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни наврасони зери 16-сола дар гурӯҳи “В” миёни дастаҳои Молдив, Сурия, Тоҷикистон ва Умон то 24-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор идома хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |