Боздошт барои тоҷик будан: Созиш барои пешгирӣ аз такрори қазияи Люблино

Қазияи латукӯби Наврӯз Зикиров, муҳоҷири 27-солаи тоҷик аз сӯи посбонҳои бозори “Люблино” ва боздошти эътирозгарон дар пайи он мавзӯи меҳварии мулоқоти Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав бо Григорий Карасин, ноиби вазири умури хориҷии Русия будааст.
Тибқи иттилоияи сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳо чораандешӣ хоҳанд кард.
Латукӯби Зикиров, сокини ноҳияи Балҷувон дар Маскав 20-уми сентябр рух дод ва дар пайи он гуруҳи муҳоҷирони тоҷик ҷамъ омада, хостори муҷозоти гунаҳкорон шуданд. Дар натиҷа ҳудуди 100 муҳоҷири тоҷик боздошт гардид, ки гуруҳе аз онҳо ҳоло ҳам дар боздошт мебошанд.
Дар ҳамин ҳол Шӯрои назди раисиҷумҳури Русия оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон аз ВКД хостааст, латукӯби Зикиров ва боздошти муҳоҷирони дигари тоҷикро мунсифона таҳқиқ кунад. Денис Набиулин, узви Шӯрои мазкур мегӯяд, зимни боздид муайян намудаанд, ки ҳуқуқи боздоштшудаҳо нақз шудааст: “Аз ҷумла афроде боздошт шудаанд, ки ҳеч иртиботе бо қазия надоранд. Онҳо мегӯянд, коргари бозоранд ва танҳо барои доштани шиносномаи Тоҷикистон боздошт гардидаанд”.
Инчунин Набиулин шикоят кардааст, ки маъмурини милиса тайи 30 дақиқа монеи боздидаш аз идораи пулис шудаанд, ки хилофи қонунгузории федеролии Русия мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |