Бойтарин зани сайёра даргузашт
Лилиан Бетанкур, духтари бунёдгузори ширкати косметикии L'Oreal ва бойтарин зани сайёра, шаби гузашта дар 94-солагӣ даргузашт.
Маҷаллаи “Forbes” имсол Бетанкурро дар рейтинги сарватмандтарин одамони сайёра дар зинаи 14 қарор дода, дороиҳои ӯро 39,5 миллиард доллар гуфта буд.
Бойтарин бонуи сайёра соли 1922 дар Париж, дар оилаи Эжена Шюлле, бунёдгузори ширкати косметикии L'Oreal ба дунё омадааст. Соли 1957 баъди фавти падараш Бетанкур раҳбарии ширкати L'Oreal-ро бар душ гирифт.
Ӯ соли 2011 ба бемории шадиди Алтсгеймер ва камақлӣ мубтало гашта, баъди як сол аз Шӯрои директорони L'Oreal берун шуд.
Соли 2010 Бетанкур дар маркази моҷароҳои сиёсӣ қарор гирифт. Он вақт сару садоҳое баланд шуд, ки гӯиё Никола Саркозӣ, собиқ президенти Фаронса барои маъракаи пешазинтихоботиаш аз ӯ маблағ гирифтааст. Тибқи иттилои муфаттишон, Саркозӣ маблағро бо истифода аз бемории Бетанкур бо мақсади ғаразнок барои маъракаи пешазинтихоботиаш гирифта буд. Худи Саркозӣ ин иттиҳомотро рад кард ва соли 2013 парвандаи марбут ба ӯ дар бораи сӯиистифода аз эътимоди Бетанкурт қатъ гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |