Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз факултаи мазкур иттилоъ доданд, китоби мазкур моли Дебора Поттер буда, «Рӯзноманигории мустақил» унвон дорад. Гуфта мешавад, китобро журналист-тарҷумон Муҳайё Нозимова тарҷума ва Сафо Сафаров таҳрир кардааст. Дар чорабинӣ декани факулта, профессор Қаҳори Расулиён, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ Сангин Гулов ва устодону донишҷӯёни факулат ширкат доштанд.
-Бартарияти китоби мазкур аз дигар китобҳои тарҷумашуда дар он аст, ки он аз забони асл, яъне аз англисӣ, тарҷума шудааст. Ва дигар бурди китоби «Рӯзноманигории мустақил» ин аст, ки он аз ҷониби журналисте навишта шудааст, ки таҷрибаи кори ғанӣ дорад. Яъне худи Дебора Поттер журналисти касбӣ буд ва ҳар он чизе дар китобаш ҷой додааст, аз таҷрибаи худ аст,- гуфт Сангин Гулов зимни муаррифии китоб.
Дар анҷоми чорабинӣ ба донишҷӯён китоби «Рӯзноманигории мустақил» ҳадя карда шуд ва ба хазинаи китоби факултаи журналистикаи ДМТ «Ганҷина» беш аз 100 дона китоб тақдим шуд.
Мавриди зикр аст, ки китоби «Рӯзноманигории мустақил» бори дуввум аст бо дастгирии молиявии сафоратхонаи Амрико дар Тоҷикистон барои донишҷӯён ва журналистони мустақил рӯйи нашр меояд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |