Президентро дар суруди наваш 7,5 ҳазор нафар ҳаммовозӣ хоҳанд кард

Дар расми пӯшидашавии Панҷумин Бозиҳои осиёӣ дар назар аст, президенти ин кишвар ба рекорди нав комёб шавад.
Ба иттилои расонаҳо, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ин чорабинӣ, суруди навашро иҷро ва 7,5 ҳазор нафар бо ӯ ҳамовозӣ хоҳанд кард. Гап дар бораи суруди “Ядимда” (Ёд дорам) меравад.
“Мутахассисони хориҷӣ ин идеяро хуш надоранд, аммо маҷбур буданд, онро пазиранд. Зеро бар пояи созишнома, созмондиҳандагони маҳаллӣ ҳақ доранд дар сенария тағйиру илова ворид кунанд”, - гуфтааст як нафар аз Туркманистон ба расонаҳои хориҷӣ.
Созмондиҳандагони Бозиҳои осиёӣ бовар доранд, ки ба ин шева маросими пӯшидашавӣ ҷолибтар хоҳад буд. Манбаъ мегӯяд, созмондиҳандагони бозиҳо мехоҳанд, на танҳо маросими пӯшидашавӣ ҷолиб сурат бигирад, балки ба президент имкон фароҳам шавад, ки рекорди нав гузорад.
Моҳи ноябри соли 2015 дар шаҳри Марӣ дар маросими кушодашавии толори консерт Бердимуҳаммадов суруди “Ба пеш, ба пеш, танҳо ба пеш, кишвари ман Туркманистон”-ро иҷро карда буд. Он замон наздики 4 ҳазор одам бо ӯ ҳамовозӣ карда буданд. Ба ҷуз аз он ки ин суруд шомили Китоби рекордҳои Гиннес шуд, ҳамзамон ҳамчун суруди расмии Бозиҳои осиёӣ эълон гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |