Наврӯз: Ду нафар маро латукӯб кард
Наврӯз Зикиров, муҳоҷири 27-солаи тоҷик аз ноҳияи Балҷувон мегӯяд, ки ӯро дар Маскав ду посбони бозори “Люблино” латукӯб кардаанд.
Зикиров ин нуктаро дар суҳбат бо намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия баён дошта, афзудааст, ки ӯ барои интиқоли бори як соҳибкори чинӣ кӯмак кардааст. Намояндагони сафорат аз қавли Наврӯз ба “Озодагон” гуфтанд, “посбонон иддао доштаанд, ки он соҳибкор ҳаққи бозорро надодааст ва Наврӯзро ҳам дар шарикӣ ба ӯ гунаҳкор кардаанд. Аз ҳамин ҷо ҳодиса сар задааст. Ҳозир саломатияш хуб аст. Дар баданаш ягон осори латукӯб нест, танҳо сараш осеб дидааст. Духтурон гуфтанд, баъди чанд рӯзи табобат ӯро ҷавоб хоҳанд дод”.
Манбаъ афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон низ бо нашри як навор дар саҳифаи фейсбукияш тасдиқ кардааст, ки ҷавони латукӯбшуда зинда ва дар беморхона бистарист.
Ин дар ҳолест, ки шаби гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ паҳн гардид, ки аробакаши латукӯбшуда дар беморхона ҷон додааст.
Иззат Амон, вакили дифои муҳоҷирони тоҷик сабаби рух додани қазияро дар он гуфт, ки гӯиё аробакаши тоҷик бидуни иҷозати посбонҳо борро бо аробааш аз як қисмати бозор ба қисмати дигар бурдааст. Дар пайи ҳодиса даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо нишони эътироз назди бозор ҷамъ омада, хостори таъмини адолат ва таҳқиқи мунсифонаи қазия шудаанд. Аммо ба гуфтаи вакили дифоъ муҳоҷирони ҷамъомада боздошт гардиданд.
Намояндаи Тоҷикистон бо тасдиқи хабари боздошти гуруҳи муҳоҷирони тоҷик иттилоъ дод, ки феълан ин қазияро пайгирӣ дорад: "Аксариятро, ки ҳуҷҷатҳояшон дуруст буд, аллакай ҷавоб доданд. Ҳудуди 15 нафари дигар дар боздошт мебошанд. Ин ҳодисаро пайгирӣ дорем".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |