(ВИДЕО) Як бознишастаи Тоҷикистон: Бӯи гӯштро фаромӯш кардаем
Як бознишастаи тоторитабори муқими Тоҷикистон мегӯяд, нафақааш ҳамагӣ барои як ҳафта мерасад.
Ба гуфтаи Тазкира Арслановаи 79-солаи тоторитабор, ки дар Тоҷикистон таваллуд шудааст, агар нафақаашро ба сӣ рӯз тақсим кунад, рӯзе 10 сомонӣ рост меояд. Ва баъди пардохти пули хизматрасонии обу барқу партов барои зиндагӣ қариб чизе боқӣ намемонад.
Хонум Арсланова дар як суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар Тоҷикистон ба дунё омада ва 24 сол таҳсил намуда, 41 сол дар чанд вазорату идораҳои давлатӣ кор кардааст. Ӯ мегӯяд, хоҳиши ягонааш ин аст, ки ҳаҷми нафақа каме бештар шавад, то зиндагиашро беҳтар кунад: “Хурсандем, ки Тоҷикистон обод аст ва тинҷиву оромӣ ҳукмфармост. Танҳо имкон бошад, нафақаро зиёдтар кунанд. Одамони калонсолро камтар фаромӯш кардаанд. Мо ҳам дар ҳамин Ватан таваллуд шудаем ва ҳаминҷо ба хидмати мардум будем. Дар пирӣ ҳама мехоҳад, ки мева бихарад, аммо мо имкон надорем. Бӯи гӯштро бошад, ҳатто фаромӯш кардаем”.
Ба гуфтаи Тазкира Арсланова волидони ӯ дар Тотористон ба дунё омада, замони шуравӣ ба шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти Тоҷикистон кӯчидаанд: “Баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар як омӯзишгоҳ дар Хуҷанд идома додам ва баъдан дар Русия хондам. Он замон хело вазнин буд, зеро падарамро аз даст дода будем. Баъди таҳсил дубора ба Тоҷикистон баргаштам ва дар вазорату идораҳо кор кардам. Соли 1991 ҳама русзабонҳо кӯчида рафтанд, аммо ман нарафтам. Гуфтам ба ягон ҷой намеравам, ин ҷо Ватани ман ҳаст”.
Вай мегӯяд, охири солҳои ба нафақа баромаданаш (1991-1992) дар Академияи илмҳо ба ҳайси иқтисодчӣ кор мекард ва маоши хуб ҳам мегирифт: “Баъди ба нафақа баромадан 15 сол дар ягон идора кор накардам. Компоту салат карда, дар бозори “Саховат” мефурӯхтаму рӯзамонро мегузаронидем. Соли 2009 шартномавӣ дар Донишгоҳи тиҷорат дарс гирифтам, он ҷо 8 сол кор кардам. То соли 2007 нафақаам 67 сомонӣ буд, ахиран 323 сомонӣ шуд”.
Ӯ мегӯяд, ҳоло бо духтараш ки дар гузашта корманди ВКД буда, баъди ҷароҳат бардоштан дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ нафақагир шуд, зиндагӣ дорад: “Духтарам ду маълумот дорад. Ҳоло нафақааш дар як рӯз 8 сомониро ташкил медиҳад”.
Тазкира Арсланова афзуд, ҳоло барои пешбурди рӯзгораш гулпарварӣ мекунад ва онҳоро дар бозор мефурӯшад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |