Ронандаи “Subaru Impreza” муҳоҷири тоҷикро пахш кард
Як шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон дар вилояти Челябински Русия зери чархи мошин ба ҳалокат расидааст. Ба иттилои торнамои “u74.ru”, мошин ҷавонро дар ҳоле зер кардааст, ки роҳи пиёдагардро убур мекардааст.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса рӯзи шоми сешанбеи 19 сентябр дар шоҳроҳи “Челябинск-Харлуши” ба вуқӯъ пайвастааст: “Ронандаи 32-солаи “Subaru Impreza”, сокини вилояти Челябинс қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя накарда, пиёдагардро пахш кардааст”.
Дар бораи ному насаби ин муҳоҷири тоҷик иттилое рӯи даст нест, аммо гуфта мешавад, ӯ расман дар ягон ҷо кор намекардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |