Доварии бозии “Истиқлол”-у “Бенгалур”ба ҳакамони узбакистонӣ супурда шуд

Бозии финалии байниминтақавии Ҷоми AFC миёни “Истиқлол”-и Душанбе ва “Бенгалур”-и Ҳиндустонро доварон аз Узбакистон назорат мекунанд.
Конфедератсияи футболи Осиё барои ҳакамии бозии “Истиқлол” ва “Бенгалур” Валентин Коваленко, довари ФИФА аз Узбакистон ва ҳамватанонашро интихоб кардааст. Бино ба иттилои сомонаи бошгоҳи “Истиқлол” ба Валентин Коваленко дар ин бозӣ ҳамватанонаш Маъмур Саидқосимов ва Ҳусниддин Шодмонов кумак хоҳанд кард: “Азиза Азимова ба ҳайси довари эҳтиётӣ интихоб гаштааст”.
Нозири бозии Истиқлол” ва “Бенгалур” мутахассис аз Амороти Муттаҳидаи Араб - Салим Саид Ал-Сувайди ва комиссари бозӣ Парк Сеонг Кин аз Кореяи Ҷанубӣ интихоб шудаанд. Ба иттилои манбаъ, бозиҳои финалии байниминтақавии Ҷоми AFC миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Бенгалуру” 27-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор ва 18-уми октябр дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон баргузор мешаванд.
Манбаъ мегӯяд, дар бозии “Истиқлол” ва “Бенгалуру” миёни мухлисон навтарин телефонҳои мобилӣ, планшет ва ноутбукҳо бурд мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |