Э.Раҳмон гуфт, ҳазор пирях об ва 200 нафар қурбони офатҳо шуданд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳамоиши СММ оид ба об хостори равона кардани захираҳои бештари инсонӣ, молиявӣ ва фаннӣ ба ин масъала шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо зикри пешрафт дар масоили марбут ба об таъкид намудааст, ки “мо дар сафарбаркунии захираҳои лозима ба хотири ҳалли саривақтии мушкилоти вобаста ба захираҳои об ҳоло ҳам қафо мондаем”.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки омилҳои зеринро, ки майдони ҳамкориҳои минбаъдаи моро маҳдуд мекунанд, ба инобат гирем: “Нахуст, тағйирёбии глобалии иқлим, ки ба захираҳои об таъсири манфӣ мерасонад, саъю кӯшишҳои моро ҷиҳати ноилшавӣ ба рушди устувор заиф мегардонад. Тайи солҳои охир масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон, ки сарчашмаи муҳимми захираҳои оби минтақа мебошанд, ба андозаи сеяк кам шудааст ва аз 13 ҳазор пирях қариб як ҳазораш тамоман завол ёфтааст. Дар Тоҷикистон тайи солҳои охир шумораи офатҳои табиии марбут ба об афзоиш ёфтааст. Чунин падидаҳо, ба мисли обхезӣ, селу ярчу тармафароӣ ҳамасола ба иқтисодиёт ва аҳолии кишвар хисороти зиёд ворид мекунанд”.
Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки тайи 5-6 соли охир шиддатнокии офатҳои табиӣ тақрибан 25 фоиз зиёд шудааст: “Дар ин давра бар асари офатҳои табиӣ тақрибан 200 нафар ба ҳалокат расида, шароити мусоиди зиндагии зиёда аз сад ҳазор нафар таҳти хатар монд ва маблағи умумии талафот аз 600 миллион доллари ИМА зиёд гардид”.
Инчунин ба гуфтаи раисиҷумҳур афзоиши босуръати аҳолӣ ва ниёзи он ба оби ошомиданӣ мушкилоти нав ва душвориҳои иловагиро эҷод мекунад: “Дар ҷаҳон талабот ба об бемайлон меафзояд, ки ин боиси ташаннуҷи робитаҳои байни соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт шуда, рақобатро барои захираҳои об дар шароити вусъати камобӣ шадидтар мегардонад”.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи обро унсури калидӣ дар роҳи ноилшавӣ ба рушди устувор хондааст: “Ба назари мо, ҳамкории самараноки фаромарзӣ метавонад ба мудирият ва истифодаи оқилонаву устувори захираҳои об мусоидат намуда, боиси коҳиши хатари хароҷоти беасос ва таъмини тавозун байни шаклу навъҳои гуногуни истифодаи захираҳои об шавад”.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намудааст, ки дар масъалаи об дар соли 2018 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ даъват карда шавад: “Мо умедворем, ки шарикони мо, пеш аз ҳама, кишварҳои аъзои Созмони Милал ва сохторҳои марбутаи он, Дабири кулл, ҳамчунин дигар ташкилоту ниҳодҳо иқдомҳои мазкурро пуштибонӣ хоҳанд кард”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |