Аввалин “ҷаримаҳои калон” баъди тағйирот дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (ФЕҲРИСТ)
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҷаримабандии 14 ронанда бо далели вайрон намудани қоидаи ҳаракат дар роҳ бар асоси тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ хабар додааст.
Ба иттилои торнамои расмии ВКД, ин ронандаҳо бо дастрасии моддаҳои 336, 337 аз 12 то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Манбаъ мегӯяд, Авазбек Абдумаҷидов, ронандаи “Опел-Астра” бар асоси моддаи 337 (бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва дар ҳолати мастӣ ) 20 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, 10 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум гардид.
13 нафари дигар бо дастрасии моддаи 336 (бе ҳуҷҷати ронандагӣ) 12500 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Бар асоси тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои дар ҳолати мастӣ ё бе шаҳодатномаи ронандагӣ рондани мошин то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |