Боздошти посбону корманд барои дуздӣ дар корхона
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, посбони корхонаи “Ҳуаҷиян Ғаюр Индастриал” дар дуздии амволи корхонаи таҳти муҳофизаташ айбдор мешавад.
Тибқи иттилои ВКД ба мақомоти милиса маъмурияти корхонаи ҶДММ “Ҳуаҷиян Ғаюр Индастриал” муроҷиат карда, иттилоъ додааст, ки шаби 9-ум ба 10-уми сентябри соли равон аз корхона 1 муҳаррики тамғаи “Хуалей”, ки арзишаш 7 ҳазору 370-сомониро ташкил медиҳад, дуздида шудааст: “Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон марди 30-сола ва 29-солаи сокинони ноҳияи Ёвон, ки охирон посбони корхонаи мазкур мебошад, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд”.
Ҳамчунин ВКД аз боздошти сокини 58-солаи деҳаи Заркамари ноҳияи Ёвон хабар дод, ки ӯ низ корманди ҳамин корхона буда, дар содир намудани ҷинояти дуздӣ, айбдор мешавад: “Номбурда шаби 13 ба 14-уми сентябри соли 2017, бо роҳи пинҳонӣ вориди корхонаи мазкур шуда, аз он ҷо 1-адад муҳаррики тамғаи “Хуалей”, ки арзишаш 7370-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”.
Манбаъ афзуд, ки дар ҳоли ҳозир нисбати ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |