Фирӯз Холмуродзода ба 15 соли зиндон ва мусодираи амвол маҳкум шуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон Фирӯз Холмуродзода, собиқ масъули Оҷонсии зидди фасодро ба 15 соли зиндон маҳкум кард.
Тавре манобеи “Озодагон” аз Додгоҳи олӣ иттилоъ доданд, ҳукми Холмуродзода имрӯз, 19 сентябр эълон гардида, бар асоси он амволи маҳкумшуда мусодира мегардад: “Инчунин Холмуродзода баъди адои ҷазо 5 сол аз ҳаққи ишғоли мансабҳо маҳрум гардид”.
Айбдоркунандаи давлатӣ барои Фирӯз Холмуродзода, корманди пешини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 17 соли маҳрумият аз озодӣ талаб карда буд.
Дар баробари Холмуродзода, додраси парванда Фирдавс Абдуғаффорзода (Ниёзбадалов)ро 13 сол, Амиршо Султонзодаро 10 сол, Қосим Давлатовро 7, Сафаралӣ Ҳомидзода ва Афзаловро барои 6 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Қаблан, айбдоркунандаи давлатӣ барои Абдуғаффорзода 15, барои Ҳодидзодаву Афзалов 7, барои Султонзода 9 ва барои Давлатов 7 соли зиндон талаб карда буд.
Баррасии парвандаи ин афрод пушти дарҳои баста баргузор шуд. Бино ба иттилои дарёфтӣ онҳо дар “қаллобӣ”, “гирифтани пора” ва ҷиноятҳои дигар муҷрим шинохта шудаанд.
Боздошти кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон охирҳои моҳи апрели соли равон оғоз шуд. Ба иттилои мақомот дар маҷмӯъ 10 корманди оҷонсӣ дастгир шуда буд. Авохири моҳи июл хабари эълони ҳукми Давлатбек Хайрзода, муовини пешини раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Фаридун Беназирзода, муовини раиси идораи гумруки Хуҷанд расонаӣ шуд. Ба иттилои расида ҳардуи онҳо ба даҳуним солии зиндон маҳкум шудаанд.
Дар акс: Фирӯз Холмуродзода аз чап дуввум
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |