Ҳалокати Тошев баъди аз баландии 65 метр сарозер шудани мошинаш
Дар ноҳияи Рашт бар асари ба ҷуқурӣ афтидани сабукрав як нафар ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодиса соати 16:30-и 16 сентябр дар роҳи мавзеи “Лаби-Ҳавзо”-и ҷамотаи деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт ба вуқӯъ пайвастааст. Мурод Тошеви 55-сола аз уҳдаи идораи “ВАЗ-2121” набаромада онро ба чуқурии 65-метр чаппа кардааст: “Дар натиҷа шаҳрванд Тошев М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |