Баъди 40 рӯз. Орзуро ҳанӯз ҳам наёфтаанд...
Орзу Ҳафтодов, сокини 14-солаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт 40 рӯз мешавад, ки бедарак аст.
Гулистон Ҳафтодова, модари Орзу имрӯз, 18 сентябр дар дафтари “Озодагон” гуфт, писараш соати 6-и субҳи 9 август аз хона баромада, дигар барнагаштааст: “Мо дар хобгоҳе дар маҳаллаи 46 зиндагӣ мекунем. Саҳар барвақт аз хоб хест, гуфтам чаро ин қадар барвақт хестӣ, гуфт, гурӯсна мондаам. Гуфтам, ҳозир субҳона омода мекунам, дар ҷавоб гуфт, ки то омода шудани дастархон дар берун бозӣ мекунад. Бо ҳамин дигар барнагашт”.
Ӯ гуфт, инак 40 рӯз мешавад, ки аз писараш дарак нест ва ҷустуҷӯҳояшон низ натиҷа надодааст. Гулистон Ҳафтодова аз нафароне, ки писарашро дидаанд ё дар борааш маълумоте доранд, хоҳиш мекунад бо рақамҳои 909 16 19 20 ё 919 42 45 23 тамос бигиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |