Пулиси Москва баъди хабари бомбгузорӣ беш аз 10 фурӯшгоҳро санҷид
Дар шаҳри Москва, пойтахти Русия пулис баъди хабари афроди номаълум дар бораи бомбгузорӣ беш аз 10 фурӯшгоҳро санҷида, ҳудуди 9 ҳазор одамро ба ҷойҳои бехавф кӯчонид.
Ба иттилои хабаргузории русии "Интерфакс", кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахти Русия, аз ҷумла фурӯшгоҳҳои "Охотний ряд", "Хорошо" ва "МЕГА"-ро тафтиш кардаанд.
Сар аз 10 сентябр афроди номаълум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия занг зада, дар бораи бомбгузорӣ шудани мактаб, истгоҳ ва фурӯшгоҳҳо хабар медиҳанд. То имрӯз дар минтақаҳои ин кишвар беш аз 100 ҳазор одам ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Ягон хабари бомбгузорӣ то ҳол тасдиқи худро наёфтааст.
Бар пояи яке аз фарзияҳои ғайрирасмӣ, эҳтимол дорад, ба ин зангҳо православҳои ифротии рус, ки зидди намоиши филми Алексей Учител "Матилда" ҳастанд, даст дошт бошанд.
Хабаргузорӣ бо истинод ба манобеи худ пештар хабар дода буд, ки бештари зангҳо дар бораи бомбгузорӣ аз ҳудуди Украина сурат гирифтаанд. Дар Кремл ҳодисаи ҷориро "терроризми телефонӣ" номиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |