Эътимоди триллионерҳо ба ояндаи “Роғун”: $500 млн не, 4,5 миллиард $ доданӣ буданд (АКС)

Бонки миллии Тоҷикистон аз фурӯши бомуваффақияти 500 миллион доллар вомбаргҳои давлатӣ барои сохтмони “Роғун” дар бозори ҷаҳонӣ иттилоъ дода, афзудааст, ки ширкатҳои триллионери ҷаҳон омода буданд, то 4,5 миллиард доллар вомбаргҳои "Роғун"-ро харанд.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ тавваҷҷуҳи зиёди ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон далели эътимоди онҳо ба ояндаи нерӯгоҳи “Роғун” мебошад.
Манбаъ мегӯяд, ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз санаи 28 август то 8 сентябри соли 2017 дар ҳамкорӣ бо бонкҳои сармоягузории «Райффайзенбанк» ва «Ситибанк» фурӯши бомуваффақияти коғазҳои қиматноки давлатиро ба маблағи 500 млн. доллари ИМА барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” таъмин намуданд: “Гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 300 намояндаи ширкатҳои бонуфузи сармоягузорӣ, аз ҷумла Голдман Сакс (дороиҳо - 1,3 трлн. доллари ИМА), Блэк Рок (дороиҳо - 5,4 трлн. доллари ИМА), Пимко (дороиҳо - 1,6 трлн. доллари ИМА), Морган Стенлий (дороиҳо - 420 млрд. доллари ИМА), Фиделити (дороиҳо - 2,13 трлн. доллари ИМА), Веллингтон Менеджмент Груп (дороиҳо зиёда аз 1,0 трлн. доллари ИМА), Ҷ.П. Морган (дороиҳо - 1,7 трлн. доллари ИМА) ва дигарҳо гуфтушунид анҷом дод”.
Ба иттилои манбаъ зимни вохӯрӣ ва муҳокимарониҳо бо сармоягузорони байналмилалӣ имкон фароҳам омад, ки диққати сармоягузорон ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардад: “Дар натиҷа пешниҳоди хариди сармоягузорон ба вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба 4,5 миллиард доллари ИМА зиёд гардида, пас аз гузаронидани гуфтушунидҳо, фоизи даромаднокии купони вомбаргҳо аз 8% то ба 7,125% солона коҳиш дода шуд ва вомбаргҳои давлатӣ дар ҳаҷми 500 миллион доллари ИМА ба бозори молиявии ҷаҳонӣ бароварда шуданд”.
Бонки миллии Тоҷикистон таъкид намуд, ки фоизи купони вомбаргҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои вомбаргҳои 10-солаи давлатҳои дорои рейтинги “B” дар солҳои 2016-2017 яке аз пасттаринҳо ба ҳисоб меравад: “ Омили асосии ба даст омадани чунин натиҷа ин 9 маротиба зиёд будани дархостҳо барои хариди вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби 290 сармоягузори байналмилалӣ мебошад, ки ин аз боварии сармоягузорони байналмилалӣ дар бомуваффақият ба анҷом расонидани сохтмони иншооти стратегии НБО “Роғун” гувоҳӣ медиҳад.
Дафтари матбуоти Бонки миллӣ афзуд, вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба идоракунандагони фондҳо (85%), аз ҷумла ба сармоягузорони ИМА (38%), Британияи Кабир (24%), давлатҳои Иттиҳоди Аврупо (35%) ва Осиё (3%) фурӯхта шуданд: “Дар навбати худ сармоягузорони байналмилалӣ дар баробари хариди вомбаргҳо инчунин аз омодагии хеш дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз дигар усулҳои сармоягузорӣ ибрози назар намуданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |