Р.Эмомалӣ аз милисаҳо хост, алайҳи саркашҳо аз хидмат чора андешанд
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе милисаҳоро муваззаф намудааст, ки алайҳи саркашҳо аз хидмати ҳарбӣ дар пойтахт чораандешӣ кунанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ бо имзои як қарор дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 ба хизмати ҳарбӣ, масъулинро муваззаф кардааст, ки барои ташкили «Рӯзи даъватшаванда», тарғибу ташвиқи хизмати ҳарбӣ ва муқаррароти конститутсионӣ дар бораи вазифаҳои муқаддаси шаҳрванд оид ба ҳифзи Ватан тадбирҳо андешанд: “Даъватшавандаҳоро ба таври тантанавӣ гусел намуда, ҳар даҳрӯза ба ҳукумати шаҳри Душанбе ҳисобот диҳанд”.
Шаҳрдорӣ мақомоти милисаи пойтахтро муваззаф кардааст, ки ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳозиршавии даъватшавандагон ба нуқтаҳои даъватӣ кӯмак расонанд: “Нисбати шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, корҳои лозимии пешгириро амалӣ намуда, ҳозиршавии онҳоро таъмин намоянд. Тартиботи ҷамъиятиро дар рӯзҳои даъват ва гусели даъватшавандагон ба қисмҳои ҳарбӣ таъмин намоянд”.
Даъвати тирамоҳии наваскарон дар кишвар моҳҳои октябр-ноябр идома хоҳад дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |