Ҳалокати 6 нафар дар садамаҳои нақлиётии 14-15 сентябр
Дар пайи панҷ садамаи нақлиётӣ давоми ду рӯзи гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон 6 нафар ҳалок ва 9 кас захм бардоштааст.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар 14 сентябр Мансур Ғоибов ронандаи “Опел-Астра”дар ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагард Аюбҷон Қосимови 24-соларо пахш кардааст: “Дар натиҷа пиёдагард дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ мегӯяд, 15 сентябр тахминан соати 15:25 ронанда Одилҷон Муъминови 20-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Ё.Каримови Шаҳритус бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда, Тошҷамол Ҳасановаи 4-соларо пахш намудааст. Номбурда дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Дар ин рӯз тахминан соати 02:10 ронандаи “Опел-Зефира” Фурқат Ҷумъаеви 32-сола, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалол аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, онро дар канори роҳ чаппа кардааст: “Дар натиҷа ду нафар ҳалок ва ронанда бо шаш мусофири дигар захмӣ шудаанд”.
Ба иттилои манбаъ, 15 сентябр, тахминан соати 06:20 ронандаи “Опел-Астра”, Абдухолиқ Салимови 66-сола сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба шаҳри Турсунзода дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлол аз идораи мошинро аз даст дода, пиёдагард Фотима Бобоалиеваи4-соларо пахш намудааст. Фотима дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, дар ин рӯз тахминан соати 06:00 автомашинаи “Тайота-Кемри” таҳти идораи марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба тарафи кӯчаи М.Турсунзода, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Старекс”, ронандааш марди 33-солаи сокини пойтахт бармехӯрад, ки дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри” Бобоназар Неъматови 57-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад: “Мусофирони автомашинаи тамғаи “Хундай-Старекс”: Азимбекова Зарина Абдураҳимовна, соли таваллудаш 1979 ва Зуҳуров Меҳриддин Наҷмиддинович соли таваллудаш 1970, сокинони шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |