ИМА аз Русияву Чин хост, зидди Куриёи Шимолӣ чораандешӣ кунанд
Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон аз Русияву Чин хост, ки дар посух ба озмоиши охири мушакии Куриёи Шимолӣ, зидди ин кишвар чораҳои қатъӣ андешанд.
Маскав ва Пекин бояд эълон кунанд, ки иқдомҳои бемасъулиятонаи Пхенянро қабул надоранд, гуфт раиси Департаменти давлатии ИМА. Русия аз меҳнати иҷбории шаҳрвандони Куриёи Шимолӣ истифода мекунад ва Чин ба Пхенян нафт мефурӯшад, илова кард Тиллерсон.
Субҳи рӯзи ҷумъа Куриёи Шимолӣ озмоиши нави мушакӣ анҷом дод. Мушаки миёнапарвоз дар наздики 19 дақиқа 3700 километр парвоз кард. Ин мушак аз болои Ҷопон парвоз карда дар уқёнуси Ором афтодааст.
Ахиран Пхенян таҳдид кард, ки Ҷопонро "дар об ғарқ" ва "Амрикоро ба хокистар" табдил медиҳад. Ин таҳдид баъди қабули таҳримҳои нав аз сӯи Шӯрои Амнияти СММ зидди Куриёи Шимолӣ садо доданд.
Шӯрои Амнияти СММ имрӯз ҷаласаи машваратӣ баргузор хоҳад кард. ИМА, Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон ҷаласаи Шӯроро дархост кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |