Тибқи иттилои Шавкат Сайидов, сухангӯи мири шаҳри Душанбе ин санад ба мақсади иҷрои қарори ҳукумати ҶТ №550 аз 2 ноябри соли 2011 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015» ва бо инобати қарори райиси шаҳри Душанбе №78 аз 7-уми феврали соли 2011 «Дар бораи чораҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оиди ҷорӣ намудани усули замонавии идоракунӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ роҳандозӣ мешавад.
Манбаъ афзуд, нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба «Барномаи давлатии компютеркунонӣ барои солҳои 2012-2015» тасдиқ гардида, сарраёсати молияи шаҳри Душанбе зимни ташаккули буҷети шаҳри Душанбе барои солҳои 2012, 2013, 2014 ва 2015 маблағи заруриро ҷиҳати амалигардонии ин қарор таъмин менамояд.
Дар ҳамин ҳол, муовини якум ва муовинони райиси шаҳри Душанбе, райисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоту сохторҳои шаҳрӣ муваззаф гардидаанд, ки вобаста ба иҷрои қарори мазкур чораву тадбирҳои таъхирнопазир андешида, аз натиҷааш охири ҳар сол ба райиси шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод намоянд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |