Аслан ман ҳам ба гузашта ва ҳам ба оянда хушбин ҳастам. Аз ин хотир, соли 2011 ҳарчанд, ки камтар дар сӯҳбату дидори падари азизу меҳнатиам будам, бароям чун солҳои пешин неку хотирмон буд. Хеле аз нақшаҳоям ҷомаи амал пушиданд, монографияамро бо номи "Махсусияти очерки муосири тоҷик" нашр кардам. Бароям муяссар гардид, ки оқибат ба мулки афсонавии Бадахшон сафар намоям, ба зисту зиндагии мардуми ин диёр аз наздик ошно шавам. Хотираҳои зиёде аз ин сафар, бахусус аз ноҳияи Ванҷ дорам, ки иншооллоҳ руйи чоп хоҳанд омад. Сӯҳбат бо падари журналист Марат Мамадшоев дар Хоруғ, бо Салоҳиддини Сулаймон ва фарзанди эшон Меҳёр дар Ванҷ бори дигар бароям ҳақиқатеро ошкор кард, ки беҳтарин боигарии кӯҳистони тоҷик боз ҳам инсонҳои шарафманду заковатмандаш мебошанд.
Дар соли пешомада ниятҳои зиёде дорам. Дар баробари пешбурди корҳои таълиму тарбияи шогирдон, бо инояти Худованд таҳқиқоти илмиамро ҷамъбаст карданӣ ҳастам. Ба ин хотир нияти сафари илмӣ ба Маскав дорам. Боз нақшаҳои зиёде...
Умед дорам, писари калониам Шаҳбоз, ки имсол Донишгоҳи миллиро хатм менамояд, бо ҳамсараш бароям набераи дуюмро тӯҳфа мекунанд. Таманно мекунам, ки Худованд сулҳу суботи Тоҷикистони азизро пояндатар месозаду дар хонадони ҳар сокинаш осоишро арзонӣ медорад.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |