Раиси ноҳияи Дарвоз гуфт, даргузашти сардори фурудгоҳ ба омадани Президент вобастагӣ надорад

Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон гуфтааст, раиси фурудгоҳи Хоруғ аз бемории қалб даргузашт. Қаблан, расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, Дилдор Мақсудшоев, сардори фурудгоҳи Хоруғ 13 сентябр замоне ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурро аз ноҳияи Дарвоз ба Душанбе гусел мекарданд, аз боди чархбол ба санге бархӯрда дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвоз ба Радиои Озодӣ гуфтааст: “Ба маълумоти шумо ҳамчун раиси ноҳия мерасонам, ки ин мард ду бор сактаи қалб гирифта буд. Як клапани дилашро иваз карда буданд. Фавтидани ӯ ба омадани Ҷаноби Олӣ ягон вобастагӣ надорад. Ин одам чанд сол аз бемории дил ранҷ мебурд. Ӯ ба масъалаи қабул ягон алоқамандӣ надорад. Сад дар сад хулосаи пизишкон аст, ки ӯ аз бемории дил фавтидааст. Ҳама бемории ӯро медонист. Ду рӯзноманигори телевизиони Хорӯғ ҳатто шоҳид ҳастанд”.
Ин ҳам дар ҳоле ки қаблан Радиои Озодӣ бо такя ба як манбаъ дар ҳукумати ноҳия Дарвоз хабар дода буд, сардори фурудгоҳ рӯи қолине қарор дошт, ки ба пешвози Президент густурда буданд: “Ҳангоми парвози чархбол бод қолинро ба сари сардори фурудгоҳ зад ва ӯ бо қолин афтод. Сараш ба санг бархӯрд ва сахт маҷруҳ шуд".
Гуфтанист, Эмомалӣ Раҳмон чоршанбеи 13 сентябр дар деҳаи Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз қарор дошт ва манзилҳоеро, ки барои сокинони осбедида аз сел бунёд шуда буданд, ифтитоҳ кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |