Бахшҳо

Шарҳи “Барқи тоҷик” дар бораи болобарии нарх: Камбағалҳо зарар намебинанд...

Ширкати “Барқи тоҷик” имрӯз, 13-уми сентябр бо пахши як иттилоия тасдиқ кард, ки аз 1-уми октябр нархи як киловатт нерӯи барқ барои аҳолӣ 2,2 дирам боло меравад.

Тибқи иттилои “Барқи тоҷик” тағйироти мазкур дар асоси қарори аз 29 августи соли 2017 № 412 амалӣ мешавад: “Аз рӯзи 1 октябри соли 2017 дар қаламрави кишвар нархи ҳар киловатт нерӯи барқ барои тамоми категорияҳои истифодабарандагон ба ҳисоби миёна 15 фоиз зиёд мегардад. Баландшавии нарх барои аҳолӣ сатҳист; пеш ин гурӯҳи истифодабарандагон барои ҳар кВт.соат 14,65 дирам маблағ пардохт менамуданд, акнун нархи ҳар киловатт.соат 16,85 дирамро ташкил медиҳад. Яъне, нархи ҳар киловатт.соат барои аҳоли ҳамагӣ 2,2 дирам боло рафт".

«Барқи тоҷик” таъкид намудааст, ки тағйироти нарх ба гурӯҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад, чунки маблағи онҳо аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ҷуброн мегардад: “Алҳол аз муштариёни гиромӣ хоҳиш карда мешавад, ки ба хотири пайдо нашудани нофаҳмиҳо дар ҳисобу китоб ҳаққи барқи то 1 октябри соли 2017 истифодашударо сари вақт ва пурра пардохт намоянд”.

Қаблан Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” изҳор дошта буд, ки ширкаташон барои нигоҳдории иншооти энергетикӣ ва беҳбуди вазъи молию техникӣ ниёз ба болобарии нархи барқ дорад.
Мӯҳр
нархи барк дар киргизистон аз ду баробар изофа арзон аст.! ..точикистон сулху амони аст, чанг нест, хамма хуб лекин бо хар бахона мардумро горат кардаву бугги карда хеле ва хеле танг кунонидед.

666
сразу не да охиста охиста боло мебаран то да чашми мардум натоба соли оянда 20дирам интизор боше

Мухочир
Ин шармандаги аст охир тавлидоти барк аз худамон аст чиба нархро бояд паст кунанд баланд кардан

Shahboz
Камбизоат хамон Шахсеро мегуянд , ки маоши мегирифтагиаш ба зиндагиаш намерасад.
Ана БАРКИ ТОЧИК фикр кунед ки дар Точикистони азизамон кихо камбизоатан.
Худоё кумакамон бикун.

нархи барка боло мебардорен маоши коргароям боло бардорен ки маблаги барка супорида тонан охи

гап дар бораи 2,2 дирам намеравад. Хар як оила дар як мох аз 100 то 300 киловатт соат кувваи барк истифода мекунад. Дар ин холат як муштари нисбати моххои пешина аз 22 то 66 сомони зиёд маблаг пардохт мекунад. Инро дар микёси Чумхури хар кас худаш хисоб карда хулосабардори намояд.

Мардума куштаниен ба ин киматкунитон, камтар дар бораи мардум фикр кунен. Ман хамаги 800 сомони маош мегирам дар як муассисаи давлатӣ кор мекунам ягон даромад надорам. Тобистони дароз аз 100 сомонӣ зиёд пули барк месупорам дар зимистон бошад 200-250 сомони мешавад фикр кунед ки ман танҳо худам кор мекунам ва ду духтари мактабхон дораму 800 сомонӣ маош мегирам аз ин 200 смониашро пули барқ месупорам бо 600 сомонӣ базӯр рӯзамро мегузаронам. Боз рӯзе нест, ки пушти дарам омада пули андоз, пули партов, пули об, пули лифт, пули антенна, пули домпуравления, боз ҳоло пайдо шудааст пули суғурта гуфта меоянд. Аз куҷо ва чӣ тавр бо 800 сомонӣ ҳамаи инро пардохт кунем. Ҳамин домпуравления барои чӣ лозим аст, ки аз мо пул мегиранд. Танҳо барои як маълумотномае, ки ягон вақт лозим мешавад ман ҳар моз 15 сомонӣ месупорам. Агар илоҷаш бошад ҳамин домуправленияро аз байн бардоред ба касе лозим нест маълумотномаро бошад бигузор раиси маҳалла тияд
Илтимос каме хам бошад дар бораи мо камбағалонам фикр кунед илтимос.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)