Чанд рӯз пештар хабаргузории давлатии “Ховар” навишт, дар сурати ба конфронси САҲА даъват шудани фаъолони ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ эҳтимоли қатъ шудани намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон мавҷуд аст: “Агар имсол ҳам муносибати САҲА бо ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ такрор ёбад, пас пурра аз фаъолият мондани намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ҷавоби муносибу мувофиқ ба амалҳои он хоҳад буд”. Аммо рӯзи гузашта, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ на танҳо дар ҷаласаи марбут ба ҳуқуқи инсони САҲА дар Варшава суханронӣ кард, балки як нишастеро ҳам гардонандагӣ намуд. Ҳамчунин як гуруҳ аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар назди бинои САҲА дар Варшава гирдиҳамоӣ карданд. “Озодагон” аз чанд соҳибназар ва коршиноси тоҷик пурсид: БАЪДИ ҶАЛАСАИ СОЛОНАИ ВАРШАВА ҚАЗИЯИ ТОҶИКИСТОНУ САҲА БО ЧӢ МЕАНҶОМАД?
Нуралӣ ДАВЛАТОВ, таҳлилгар
Баъди хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва мӯътадил шудани вазъ Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар масъалаи ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодии сухан, коре анҷом надод. Баъзе изҳоротҳое, ки пахш мекард, таъсире надоштанд. Ин созмон дигар он созмоне нест, ки соли 1975 ташкил ёфт.
Алӣ АЛИЗОД, коршинос
Тоҷикистон дар худии худ як давлати пешгӯинашаванда бо сиёсатҳои пешгӯинашаванда аст. Аз ин рӯ, ин ҷо ҳар чизе метавонад иттифоқ биуфтад. Истисно намедонам, ки масъала ба ҳадди ниҳоӣ бирасаду дафтари САҲА-ро бибанданд ва ё ҳамин тур бигузоранд, ки гӯё чизе сурат нагирифтааст.
Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон
Эҳтимоли муташанниҷ гаштани муносибати Тоҷикистону САҲА вуҷуд дорад, вале кор то бастани дафтари ин созмон дар Душанбе намерасад. Ба андешаи ман, аз ҳузур пайдо кардани мухолифин дар ин ҷаласа фоҷеа сохтан лозим нест, балки Ҳукумати Тоҷикистон ба ин зуҳурот бо таҳаммул муносибат карда, бояд аз дипломатия кор бигирад.
Абдулло ДАВЛАТОВ, раҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия
Аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ шухӣ мекунанд, ки солҳои бепулии навадум ҳукумат дасти тамаъ сӯи Аврупо дошт ва ҳарчӣ мегуфтанд, мебардошт. Ҳозир Чин ҳаст - дигар Аврупову Русия лозим нестанд. Чунин шухиҳо заминаи воқеӣ доранд. Пас, қазия бо он анҷом меёбад, ки кафши САҲА пеши пояшон гузошта мешавад.
Хурсанд ХУРРАМОВ, коршиноси масоили сиёсӣ
Ман гуфта наметавонам, ки барои САҲА конфронс бо чӣ меанҷомад, чун ҳамоиш то 22 сентябр идома меёбад ва ҳама чиз аз натиҷаи он вобаста хоҳад буд. Дар матлаби “Ховар” таъкид ба баромади Кабирӣ ва ҲНИТ дар ҳамоиш шуда буд. Бояд гӯям, ки САҲА дар як вазъи ногувор қарор дорад, зеро аз як ҷониб намехоҳад мавқеашро дар Тоҷикистон аз даст бидиҳад, аммо аз ҷониби дигар наметавонад теъдоди зиёди одамонро нодида бигирад, ки аз нақзи ҳуқуқу озодиҳояшон шикоят мекунанд.
Шокирҷон ҲАКИМОВ, ҳуқуқшинос
Гумон намекунам, ки Тоҷикистон фаъолияти дафтари САҲА-ро дар Душанбе бо назардошти тағйиротҳое, ки дар ваколоту салоҳияти он ба мувофиқа расидаанд, бозбинӣ кунад. Чун ба ҳар ҳол Бюро оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон ба таври расмӣ аз даъват кардани намояндагони мухолифини тоҷик дар хориҷи кишвар худдорӣ карданд, агар онҳо дар беруни бино эътироз карданд ва чанд нафарашон вориди толор шудаанд, ин аз воқеияти фаъолияти ин созмон гувоҳӣ медиҳад ва дарҳои созмони мазкур бо дарназардошти рисолате ки дорад барои ниҳодҳои мухталифи давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳамеша боз аст ва ин фурсати хеле муносиб барои барраси масъалаҳои мубрам мебошад. Мувофиқи мақсад мебуд, ки намояндагони ҳизбҳои ба таври расмӣ дар Тоҷикистон фаъолиятдошта, ба хусус Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро, ки новосбата аз монеаву мушкилиҳои зиёд фаъолияташ дар кишвар идома дорад, ба ин нишаст даъват мекарданд.
Рустам ГУЛОВ, блогер
Аз ҷиҳати мантиқ бигирем, тамоми ин таҳдидҳо оид ба баста шудани Дафтари САҲА дар Тоҷикистон аз таҳдид зиёд нахоҳад буд, чунки Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми солҳои фаъолияти ин ташкилот дар кишвар ёрии зиёд гирифтааст. Аз ҷумла дар шакли грантҳои ҳангуфт. Аммо ба ҳақиқати ҳол нигарем, арзишҳое, ки САҲА пайгирӣ мекунад, ба ӯ набояд имкон диҳанд, ки ултиматуми ҳукуматро қабул кунад ва эҳтимолияти зиёд аст, ки дафтари онҳо билохира баста мешавад. Аз ин зиёдтар гуфта намешавад.